Кирмоншоҳи Эрон бо яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон бародаршаҳр мешавад

Дар дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон масъалаи барқарории робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Кирмоншоҳи Эрон ва яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон матраҳ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо роҳбарияти вилоят ва шаҳри Кирмоншоҳ, ҳамчунин бо фаъолони иқтисодии ин вилояти Эрон дидору мулоқотҳо анҷом дод.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аз ҷумла, дар мулоқот бо раиси вилояти Кирмоншоҳ Муҳаммадтайиб Саҳроӣ масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Аз ҷумла тарафҳо мавсоили иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл ва фарҳангии дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси шаҳри Кирмоншоҳ Нодири Наврӯзӣ масъалаи барқарории робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Кирмоншоҳ ва яке аз шаҳрҳои Тоҷикистонро матраҳ гардид.
Шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон бо шаҳри Язди Эрон бародаршаҳр мешаванд
Ҳамчунин сафир дар мулоқот бо раиси Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии вилояти Кирмоншоҳ Салими Сосонӣ ва фаъолони иқтисодии вилоят зарфият ва тавонмандиҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ шуда, ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ дар ин самтҳо изҳори алоқамандӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта байни шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Тоҷикистон ва шаҳри Язди Эрон алоқаҳои бародаршаҳрӣ барқарор гардид.