Баъд аз Рашту ВМКБ вилояти Хатлон низ нақшаи даъвати тирамоҳиро иҷро кард

Ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон беш аз 200 ҳазор ҷавони синнӣ даъватӣ ба хизмати аскарӣ рафтанд ва нақшаи даъвати тирамоҳиро иҷро намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 окт— Sputnik. Тибқи иттилоъ дар вилояти Хатлон беш аз 200 ҳазор ҷавони синнӣ даъватӣ нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи аввал 100 фисат иҷро намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар як маросими тантанавӣ таъкид кард, ки ҷавонони шуҷоъ ва далери вилояти Хатлон маъракаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи аввал ва пеш аз муҳлат ҷамъбаст намуданд.
Раиси вилояти Хатлон ба ҳамаи сохторҳои марбутае, ки дар иҷроиши нақшати тирамоҳӣ саҳмгузорӣ намуданд, изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Раиси вилояти Хатлон гуфт, ки имрӯзҳо барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё карда шудааст.
“Дар кулли воҳидҳои низомӣ имрӯз афсарони ботаҷриба барои баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд”,- қайд кард ӯ.
Рашту ВМКБ нақшаи даъват ба аскариро пурра иҷро карданд
Ёдрас мекунем, ки маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-юми ноябр давом меёбад.
Чанде пеш Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ва ноҳияи Рашт аз иҷрои нақшаи даъват дар рӯзи аввали ин маърака хабар дода буданд.