Толибон* мехоҳанд Афғонистонро ба содиркунандаи барқ табдил диҳанд

Конфронси ироаи фурсатҳои энержии Афғонистон ба ҳадафи ҷалби сармоягузорӣ дар бахши тавлиди энержӣ аз суйи ширкати Брешно дар Кобул баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 окт— Sputnik. Мавлави Абдулкабир, муовини сиёсии раёсати вузарои ҳукумати Толибон* дар ин конфаронс гуфт, ки Афғонистони зарфияти тавлиди энержӣ ва содироти он аз манобеи дохилиро дорад, иттилоъ додааст “Радиои дарӣ”.
ӯ аз сармоягузорон дохилӣ ва хориҷӣ хост, ки дар бахши маҳори обҳои Афғонистон ва тавлиди энержӣ аз манобеи обӣ сармоягузорӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Азизӣ, сарпарасти вазорати санъат ва тиҷорати ҳукумати Толибон* низ баён дошт, ки камбуди барқ аз мушкилоти ҷаддӣ дар баробари санъаткорон аст ва ширкати Брешно ва вазорати энержию об бояд барои рафъи ин мушкил талош кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Абдулборӣ Умар, раиси ширкати Брешно низ дар ин конфронс гуфт: акнун фурсати хубе барои сармоягузорӣ дар бахши тавлиди энержӣ фароҳам шуда, Афғонистон дар ҳоли ҳозири зарфияти 5 млрд доллар сармоягузорӣ дар бахши барқро дорад.
Ройзании мақомоти Туркманистону Афғонистон дар мавриди интиқоли барқ ба Ҳирот
Ёдовар мешавем, ки Ширкати (Брешно) бо кишварҳои Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар бораи содироти барқ ба Афғонистон шартнома бастааст.
Дар ҳоли ҳозир Афғонистон аз ин се кишвари ҳамсояаш барқ мехарад.
Қайд кардан зарур аст, ки харидорони асосии барқи Тоҷикистон ин ҷумҳуриҳои Афғонистону Ӯзбекистон мебошанд.
Тоҷикистон барои интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистони зери итоати гурӯҳи Толибон* дар соли 2024 розӣ шуда буданд.
Аммо мақомоти Тоҷикистон шарҳ надодаанд, ки дар соли 2024 ба кишвари ҳамсояаш чӣ қадар барқ хоҳад фурӯхт ва ба чӣ нарх.
Содироти нерӯи барқ ба ширкати "Брешно" (Афғонистон) тавассути ду хатти барқии 220 квт ва як хати барқии 110 квт амалӣ гардида истодааст.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.