ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон ҷойгир шудааст, дар Рӯзи байналмилалии пиронсолон аз нафақахӯри танҳо аёдат карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии низомии Вазорати дифои Русия хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки нафақахӯронро на танҳо бо ид табрик карданд, балки ба онҳо бастаҳои кӯмакҳои башардӯстона низ тақдим карда шуд.
Ба бастаҳои кумак махсулоти хурокаи зудвайроннашаванда, аз чумла биринҷ, макарон, консерваҳо, намак, орд ва қанд, баъзе доруҳо ва ғайра дохил шуданд.
"Сарбозон дар баробари расонидани кӯмак бо пиронсолон ҳамсӯҳбат шуда, аз аҳволи онҳо ва ниёзмандии онҳо бо хабар шуданд", - таъкид кард манбаъ.
Манбаъ илова кард, ки барои бисёре аз пиронсолони танҳо, чунин вохӯриҳо "имкониятест, ки худро зарур ва муҳим ҳис кунанд ва онҳо бояд дарк кунанд, ки танҳо нестанд".
Қаблан низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия ба собиқадорони ҷанги Афғонистон кумак расониданд. Чорабинӣ дар заминаи созмони ҷамъиятии Тоҷикистон “Маъюбони ҷанги Афғонистон” сурат гирифт.
Пойгоҳи 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон ҷойгир шудааст, яке бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ аст. Пойгоҳ дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.