ДУШАНБЕ, 2 окт— Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Давҳа Президенти Тоҷикистонро вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ал-Мурайхӣ ва дигар намояндагони воломақом истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки президенти ба Давлати Қатар барои иштирок дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё сафар намудааст.
Дар ин сафар президенти Тоҷикистонро муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири молия ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки ин севумин сафари раисҷумҳур дар соли равон ба Доҳа аст. Қаблан ӯ дар моҳи январ ва феврал бо ҳайати ҳукумат ба ин кишвар сафр карда буд.