ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар сафар намуд, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Қайд карда шудааст, ки президенти ба Давлати Қатар барои иштирок дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё сафар намудааст.
“Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Сарвазири кишвар, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд”, - таъкид кард Хадамоти матбуоти раисҷумҳур.
Қайд карда шудааст, ки дар ин сафар президенти Тоҷикистонро муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири молия ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш президенти Тоҷикистон, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар Нишасти дуюми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ кард.