ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ноиби раисҷумҳури Эрон Муҳаммад Ризо Ориф гуфт ИИАО барои аз байн бурдани ин сиёсати ғалат тавоноӣ дорад, иттилоъ додааст хабаргузории “Armenia Today”.
"Силоҳсозии иқтисод дар арсаи байналмилалӣ ҳамгироии иқтисодиро байни давлатҳои мустақили рӯ ба инкишоф, аз қабили кишварҳои ИИАО ба зарурат талаб мекунад”, - гуфт ӯ.
Стратегияи ҳамкории зич байни давлатҳои мустақил метавонад ин сиёсатро аз байн бубарад”, гуфт ӯ дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё дар Ереван.
Оқои Ориф аз дархости Теҳрон барои гирифтани мақоми нозир дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ёдовар шуда, ба пуштибонии кишварҳои узв изҳори умедворӣ кард.
Ба гуфтаи ӯ, ИИАО метавонад аз зарфияти логистикии Эрон барои ворид шудан ба бозорҳои васеъ дар Халиҷи Форс, Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ истифода кунад.
“Бандарҳои Эрони ҷанубӣ метавонанд дар як сол то 210 миллион тонна борро интиқол диҳанд ва ин рақам дар ҳоли афзоиш аст”, - қайд кард мақомдори эронӣ.
Ҳамчунин вай гуфт, ки Эрон омода аст дар ҳамкорӣ бо кишварҳои узв, марокизи тиҷорӣ ва логистикӣ эҷод кунад ва барои тавсеъаи бандарҳои ҷанубӣ ва шимолии худ имтиёзоти вижае фароҳам кунад.