Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ тақвият медиҳанд

Байни Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Идораи кулли авиатсияи граждании Арабистони Саудӣ протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 окт— Sputnik. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ тақвият медиҳанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Агентии авиатсияи граждании кишвар.
Ахиран Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Далели имзои протоколи ҳамкорӣ байни Агентии авиатсияи гражданӣ ва Идораи кулли авиатсияи граждании Шоҳигарии Арабистони Саудӣ афзоиши хастсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни ду давлат мебошад.
Аз Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ин санадро аз ҷониби Тоҷикистон директори Агентии авиатсияи граждании кишвар Ҳабибулло Назарзода ва аз ҷониби Арабистони Саудӣ раиси Идораи генералии авиатсияи граждании Шоҳигарӣ Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ал — Дуайлиҷ ба имзо расониданд.
Ҳамзамон дар шаҳри Душанбе байни директори Агентии авиатсияи гражданӣ, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, раиси Идораи генералии авиатсияи граждании Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва вазири ҳаҷ ва умраи Шоҳигарӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Тоҷикистон тасмим дорад ба Арабистони Саудӣ маҳсулоти кишоварзӣ содирот намояд
Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба амалӣ намудани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, инчунин рушди ҳамкории сайёҳӣ ва масъалаҳои марбут ба маросими хаҷ баррасӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки 14 июни соли 2010 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ ва 3 январи соли 2016 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид.
Имзои ин санади ҳамкорӣ ва вохӯрӣ байни мақомоти марбутаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ, сайёҳӣ ва масъалаҳои марбут ба ҳаҷ нақши муассир мегузорад.