ДУШАНБЕ, 1 окт— Sputnik. Дар маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода дар бораи таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ супориш дод.
Қайд карда шудааст, ки дар маҷлис вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар бораи нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 гузориш дод.
Эмомалӣ Раҳмон ба вазорати рушди иқтисод ва савдо дастур дод, ки дар асоси фармоиши Ҳукумати Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи кишвар, инчунин корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар, дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028-ро таҳия намояд.
Супориш дода шуд, ки лоиҳаи дурнамо то 1 июни соли 2025 барои баррасӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Дар фароварди маҷлис президенти кишвар дар назди аъзои Ҳукумати кишвар ва дигар сохторҳои давлатӣ барои иҷрои саривақтии дастурҳои маҷлиси навбатӣ ва супоришҳои қаблӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҷоннок кардани кори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ривоҷ додани касбомӯзӣ ва забономӯзӣ барои калонсолон ва рушди ҳунармандӣ таъкид кард.
кишвардори Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар ва дигар муассисаҳо инчунин доир ба ташкили сатҳи баланди зимистонгузаронӣ, захираи кофии маводи озуқа ва сӯзишворӣ барои тамоми соҳаҳо, вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дастуру супоришҳо дод.