Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

“Дар муҳосира”: Ғарб аз артиши Украина хост боз як шаҳри дигарро тарк намоянд

Коршиноси бритониёи ба хотири ҳифзи ҷони сарбозон ба артиши Украина тавсия додааст, ки шаҳри Селидоворо тарк намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 окт— Sputnik. Коршиноси бритониёӣ Александр Меркурис дар блоги худ дар шабакаи Ютуб гуфт, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина бояд шаҳри Селидоворо дар ҶМД тарк кунанд, то дар муҳосира қарор нагиранд ва сарнавишти сарбозони украинӣ дар шаҳри Угледарро такрор накунанд.
"Ҳоло хатари зиёд ҳаст, ки шаҳри Селидово метавонад муҳосира шавад. Артиши Украина бояд воқеиятро эътироф кунад ва аз шаҳри Селидово ақибнишинӣ кунад, ҳатто агар ин шаҳр таҳти назорати Русия гузарад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи таҳлилгар, нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо таъхири хуруҷи нирӯҳо аз Угледар ба иштибоҳ роҳ додаанд.
Артиши Украина, ба эътиқоди Меркурис, хатари такрори ин таҷрибаи манфиро дар Селидово дорад.
“Дар Селидово бидуни мақсаде боз ҳам бештар сарбозон ва техника талаф мешавад", — огоҳ кард коршинос.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Талафоти артиши Украина зиёд шуд: Видео зарбаҳои ҳавоии Русия дар вилояти Курск
Мушовири раиси ҶМД Игор Кимаковский қаблан қайд кард, ки низомиёни Русия гурӯҳи артиши Украинаро дар Угледар тақрибан ба муҳосира гирифта, шаҳракро аз ду тараф таҳти назорат гирифтааст.
Ба гуфтаи ӯ, равуои ҷангҷӯёни украинӣ дар ин шаҳр тақрибан ғайримкон аст.
Ҳафтаи гузашта ӯ ҳамчунин гуфт, ки нирӯҳои Русия аз се ҷониб ба Селидово наздик шудаанд ва талош доранд, тамоми роҳҳоеро, ки вориди шаҳр мешаванд, зери назорат бигиранд.
Селидово шаҳрест дар сарҳади Селидово - Новогродовка - Гродовка. Ин шаҳр наздикии Покровск аст, ки артиши Русия ба он ҳамла дорад — Ин шаҳр барои душман аз лиҳози стратегӣ муҳим мебошад. Илова бар ин, пас аз гирифтани ин шаҳр артиши Русия имкон пайдо мекунад, ки аз паси Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ҳамлаҳо анҷом диҳад.