Арабистони Саудӣ омодааст барои ҳоҷиёни тоҷик шароити хуб фароҳам созад

Вазири ҳаҷ ва умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таъкид кард, ки кишвараш ҳамеша омода аст, то шароити арзандаро барои зоирони тоҷик фароҳам орад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 окт— Sputnik. Дар Душанбе таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди робитаҳои динию фарҳангӣ ва сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон хабар додааст.
Масоили ҳамкорӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода бо Вазири ҳаҷ ва умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Тавфиқ ибни Фавзон ар-Рабиъа баррасӣ шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла беҳтар кардани шароитҳо барои зоирони тоҷик дар раванди адои ҳаҷ ва умра, табодули таҷриба дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ дар ташкилу танзими сафари ҳаҷ, инчунин густариши ҳамкориҳо дар самти тарғиби имкониятҳои сайёҳии ду кишварро баррасӣ намуданд.
Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ тақвият медиҳанд
Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар ин мулоқот изҳор доштааст, ки Кумита омода аст, дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои омода кардани шароит ҷиҳати адои яке аз рукнҳои дини ислом чароҳои зарурӣ андешад.
Вай қайд кард, ки ҳарду кишвар зарфиятҳои бузурги истифоданашуда дар самти ҷалби мутабодилаи сайёҳонро доро мебошанд.
Дар ҳамин ҳол вазири ҳаҷ ва умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Тавфиқ ибни Фавзон ар-Рабиъа изҳори омодагӣ намуд, ки кишвараш ҳамеша омода аст, то шароити арзандаро барои зоирони тоҷик фароҳам орад.
Вай афзуд кишвараш омодааст ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд на танҳо дар соҳаи ҳаҷ ва умра, инчунин дигар соҳаҳои афзалиятноки ду кишвар саҳмгузор бошад.