Вуруди ӯзбекистониҳо ба Русия зиёду аз Тоҷикистон кам шудаст

Тибқи омори ФСБ дар нимсолаи аввали соли равон аз рӯи теъдоди вуруд ба Русия шаҳрвандони Ӯзбекистон пешсаф будаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 сент — Sputnik. Теъддоди шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар нимсолаи аввали соли равон ба Русия ворид шуданд 1,8 млн нафарро ташкил додаст, ки нисбат ба соли гузашта 6% бештар аст, иттилоъ додааст хабаргузории “РБК”.
Ба иттилои ин нашрия ба сегонаи пешсаф шаҳрвандони Қазоқистон бо 1,5 млн ҳолати вуруд ворид шудаанд, ки нисбати нишондоди соли қаблӣ 8% зиёд аст.
Ҳолатҳои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон 977 ҳазор ададро ташкил додаст, ки нисбати нишондоди соли қаблӣ 8% кам шудаст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш улнора Ҳасанзода, вазири кор ва муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дода буд, ки теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 барои муҳоҷирати корӣ аз кишварн ба хориҷ рафтаанд, ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
тоҷиконе, ки барои кор аз кишвар ба хориҷ рафтаанд дар нимсолаи якуми соли равон 392 805 (ҳамин давраи 2023 - 467 247) нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16% кам мебошад.
Коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ: Тоҷикистониҳо дигар ба Русия рафтан намехоҳанд
“Аз ин шумора мардҳо 314 052 нафар ва занҳо 78 753 нафар мутаносибан 17 фоиз ва 12 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудаанд. Аз теъдоди умумии рафти муҳоҷирони меҳнатӣ 386 987 нафар Русия рост меояд”, - гуфт хонум Ҳасанзода.
Дар ҳамин ҳол, ахиран Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон аз афзоиши бозгашти занҳо аз Русия хабар дода буд.
Фирӯза Нуруллозода, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон, рӯзи 5-уми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, аз шумораи заноне, ки аз Русия баргаштанд, қариб 40 ҳазорашон ба Оҷонси шуғли меҳнат муроҷиат кардаанд.
Ба гуфтаи ин мақомдор, зиёда аз 19 ҳазор нафари ин занҳо ба кори доимӣ таъмин шуда, қариб даҳ ҳазори дигарро ба омӯзиши касб ҷалб кардаанд. Намояндагони ин Кумита гуфтанд, занони бозгашта аз муҳоҷиратро дар бахшҳои гуногун, аз қабили дӯзандагӣ, пазандагӣ, дар дӯкону корхонаҳои қаннодӣ ба кор ҷалб намудаанд.