Ситорашиносони тоҷик: ба замин дунболадор наздик мешавад

Ситорашиносони тоҷик иддао доранд, ки ба сайёраи Замин наздик шудани кометаи C/2023 A3-ро мушоҳида доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 сент — Sputnik. Маркази сайёраҳои хурди Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ кашфи боз як дунболдор ё кометаи навро тасдиқ кард.
Дар ин бора Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, кометаи C/2023 рӯзи 9 январи соли 2023 аз тарафи олимони Чин кашф шудааст.
Он 12 октябри соли 2024 дар нуқтаи наздиктарин (750 миллион километр) ба сайёраи Замин наздик мешавад.
27 сентябри соли 2024 комета дар нуқтаи наздиктарин ба Офтоб, дар масофаи беш аз 58 миллион километр ҷойгир буд.
30 сентябр "меҳмони осмонӣ" пеш аз тулӯи Офтоб дар осмон хеле паст дурахшид.
Мушоҳидаҳои комета дар вақти ба Замин наздик шудан дар расадхонаҳои Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳо гузаронда мешаванд.
БА иттилои Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз қадимулайём кометаҳо дар байни одамони оддӣ ҳамчун ситораҳои думдор маълуманд. Калимаи “комета” аз калимаи юнонии “кометис” гирифта шуда, маънояш “мўйдор” мебошад.
Дар ҳақиқат кометаи бо чашми бесилоҳ дидашаванда дорои думи дароз буда, чун объекти муйдор менамояд.
Кометаҳо ҷирмҳои яхин буда, ба гурӯҳи ҷирмҳои хурди Низоми офтобӣ дохил мешаванд. Кометаҳо аз ҳаста сар ва дум иборатанд. Қариб 80% - и массаи онҳоро об ташкил медиҳад.
Андозаи ҳастаи кометаҳо аз садҳо метр то даҳҳо км- ро ташкил медиҳад. Андозаи сарашон ба садҳо ҳазор км ва дарозии думашон ба садҳо миллион км баробар аст.