Тими “Истиқлол” бо "Сипоҳон"-и Эрон дар Лигаи қаҳрамонони Осиё бозӣ мекунад

Ин дидор қарор аст, ки ду рӯз пас дар варзишгоҳи Фӯлодшаҳри Исфаҳон баргузор гардида, онро доварон аз Ҷопон ҳакамӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сент — Sputnik. Дар Дастаи футболи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар даври баъдии марҳилаи гурӯҳии дувумин давраи Лигаи қаҳрамонони Осиё 2024/25 бо тими футболи “Сипоҳон”-и Эрон рақобат мекунад.
Ин дидор қарор аст, ки 1 октябри соли ҷорӣ дар варзишгоҳи Фӯлодшаҳри Исфаҳон баргузор гардад. Оғози бози соати 19:30 бо вақти маҳаллӣ (21:00 бо вақти Душанбе) дар назар аст.
Ба гузориши дафтари матбуоти бошгоҳи “Истиқлол” ҳайати даста имрӯз 29 сентябр озими Исфаҳон шуд.
Барои мухлисони ватанӣ "Истиқлол" бо як ширкати ватанӣ ба шаҳри Исфаҳон парвози чартериро роҳандозӣ намудаанд.
"Истиқлол" ҳайташро боз бо ду ҳамлавари аврупоӣ қавӣ кард
Ин бозиро доварони ҷопонӣ ҳакамӣ мекунанд. Ҳамин тариқ сардовар Риё Танимото таъйин шудааст. Ба ӯ ҳамватанонаш Исао Нишихаши, Такаги Такуми кумак мекунанд. Нозири доварон Моҳд Сабри Бин Доуд аз Малайзия ва комиссари бозӣ Али Ал-Наими қатарӣ таъйин шудааст.
"Истиқлол" ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон дар аввалин бозии марҳилаи гурӯҳии ин рақобатҳо дар гурӯҳи “С” дар майдони худ бо бошгоҳи футболи “Шарҷа”-и Амороти муттаҳидаи арабӣ бозӣ кард ва дидори ин бошгоҳҳо бо бартарии як бар нол ба фоидаи меҳмон ба поён расид.
Дар дигар дидори ин гурӯҳ, бошгоҳи футболи “Алваҳдат”-и Урдун дар Уммон муқобили бошгоҳи футболи “Сипоҳон”-и Эрон бо натиҷа ду бар як ба пирӯзӣ расид.
Танҳо голи бошгоҳи футболи “Сипоҳон”-и Эронро Ваҳдат Ҳаннонов, мудофеъи тими миллии Тоҷикистон ба самар расонда буд.