Бозгашт ба ҳалқаи энергетикӣ метавонад ба Тоҷикистон кӯмак кунад, ки аз қатъшавии барқ пешгирӣ карда шавад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон коршиноси Донишгоҳи молии назди ҳукумати Русия, таҳлилгари пешбари Хазинаи миллии амнияти энергетикӣ Игор Юшков иброз дошт.
Ба гуфтаи ӯ, сохтмони нерӯгоҳҳои нав, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии "Роғун", имконотро барои интиқоли барқ ба Покистон, Афғонистон ва ҳатто бозори Эрон фароҳам меорад.
Юшклв зикр намуд, ки ба шарофати тавсеаи иқтидори энержӣ ва бунёди хатҳои барқ, Душанбе метавонад ба як бозигари аслии бозори энержии минтақа табдил ёбад ва кишварҳои ҳамсояро бо барқи арзону мунтазам таъмин созад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон тобистони соли ҷорӣ пас аз тақрибан 15 сол ба ҳалқаи энергетикӣ пайваст. Система қариб ба шакли аслии худ барқарор карда шуд.
Чанде пеш Русия ва Узбакистон ба мувофиқа расиданд, ки ба Оператори системаҳои Русия ба Ҳалқаи энергетикии Осиёи Марказӣ шомил шавад.