ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон мактаббачагон, донишҷӯён, муаллимон ва дӯстдорони воқеии сухан барои санҷиши дониши худ "Диктанти адабӣ" навиштанд.
Қариб 1,8 ҳазор нафар дониши худро аз адабиёти рус санҷиданд, хабар дод Россотрудничество.
Чорабинии маърифатии “Диктанти адабӣ” барои севвумин бор дар Тоҷикистон бо кумаки Россотрудничество баргузор мегардад. Он дар шаш шаҳри Тоҷикистон: Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Турсунзода ва Хуҷанд баргузор шуд.
Қабл аз оғози "Диктанти адабӣ" Андрей Патрушев, роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки "ин чорабинӣ барои онҳое аст, ки адабиёти классикии рус дӯст медоранд, таваҷҷуҳ доранд ва шояд танҳо дарҳоро ба рӯи адабиёти классикии рус боз мекунанд".
Маврид ба зикр аст, ки иштирокчиёни "Диктанти адабӣ" бояд дар муддати як соат ба 20 савол дар бораи асарҳои адибони рус, тафсилоти зиндагии нависандагони рус посух нависанд.
Натиҷаи диктант то рӯзи 2 октябр маълум мешавад ва ба ғолибон диплому шаҳодатнома супурда хоҳад шуд.