Шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба таври тақаллубӣ шаҳрвандии Украина гирифтаанд

Ҷинояткорон ба маблағи 350 ҳазор рубл шиносномаҳои қалбакии Украина ва шаҳодатномаҳои қалбакии сабти ном дар ҶМД барои муҳоҷирон омода кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 сент — Sputnik. Муҳоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистон асноди худро барои гирифтани шаҳрвандии Русия тақаллуб кардаанд.
Фаъолияти як гурӯҳи ҷиноӣ, ки шаҳрвандони хориҷиро ғайриқонунӣ сабти ном мекарданд, аз ҷониби Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия қатъ гардид.
Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар соли 2023 қаллобон як нақшаи ғайриқонунии гирифтани шаҳрвандии Русияро ташкил кардаанд. Онҳо муҳоҷирони тоҷику ӯзбекро ҷустуҷӯ мекарданд, ки ба онҳо шиносномаҳои қалбакии Украина ва шаҳодатномаҳои сохтаи сабти ном дар Ҷумҳурии мардумии Донетск додаанд.
Русия шумори муҳоҷирони ғайриқонунро расонаӣ кард
"Айбдоршавандагон барои мукофоти пулӣ дар ҳаҷми аз 150 то 350 ҳазор рубл, [ҳуҷҷатҳои қалбакӣ] аз пластикӣ омода карданд, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ имкон медод, шаҳрвандии Русияро бо тартиби соддашуда ба даст оранд", - қайд кард Кумитаи тафтишот.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҷараёни тафтишот дар Маскав, ҶМД, Ростови лаби Дон ва Тула 30 кофтуков анҷом доданд. Дар ҳоли ҳозир 9 созмондиҳандаи гурӯҳи ҷиноӣ боздошт шуда, алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Тафтишот ҳамчунин масъалаи маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ ва депортатсияи шаҳрвандони хориҷиро, ки ғайриқонунии асноди Русияро гирифтаанд, баррасӣ мекунад.