Раҳмон як хатти интиқоли барқи НБО "Роғун"-ро ба истифода дод

Интизор меравад, зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и "Роғун" пас аз навсозӣ сокинони Роғун, Рашт, Файзобод ва қисман шаҳри Ваҳдатро доимӣ бо барқ таъмин намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Роғун, хатти интиқоли барқии 220 кВ аз НБО "Роғун" то зеристгоҳи барқии "Роғун" - ро ба истифода дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дода, афзуд, барои сохтмони ин иншоот $11 млн харҷ шудааст.
"Баъд аз навсозӣ ва васеънамоии зеристгоҳи мазкур барқи истеҳсолгардидаи НБО "Роғун" тавассути хатти барқии 220 кВ аз дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазии – 220 кВ-и НБО "Роғун" то дастгоҳи тақсимоти кушодаи зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и "Роғун" интиқол ёфта, ба низоми ягонаи энергетикии кишвар пайванд мешавад ва ба ин васила эътимоднокии системаи энергетикӣ кишвар баланд мегардад", - омадааст дар хабари манбаъ.
Зикр гардид, ки зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и "Роғун" баъд аз навсозӣ сокинони шаҳри Роғун, ноҳияҳои водии Рашт, Файзобод ва қисман шаҳри Ваҳдатро доимӣ бо барқ таъмин менамояд.
Шабонарӯз 15 соат: сокинони рустоҳои Суғд реҷаи қатъи барқрасониро шарҳ доданд
Ёдовар мешавем, чанде пеш ширкати "Барқи тоҷик" бо муроҷиати расмӣ ба шаҳрвандон зикр намуд, ки аз 22 сентябр дар ҷумҳурӣ боз маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ мешавад.
Ин ниҳод иллати ҷорӣ кардани "лимити барқ" -ро зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба барқ, эҳтимоли сард омадни зимистони имсола ва кам ворид шудани об ба дарёи Вахш арзёбӣ кард.
Тибқи иттилои Вазорати энергетика дар нимсолаи якуми соли 2024 истеҳсоли барқ дар кишвар (бо дарназардошти НБО-ҳои хурд) беш аз 10,3 млрд. кВт. соатро ташкил додааст.
"Лимит"-и барқ дар Тоҷикистон расман эълон шуд: “Барқи тоҷик” шарҳ дод
Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 393,4 млн. кВт. соат кам будааст. Ба ҳисоби Вазорати энергетика суръати афзоиш дар ин давра 92,8% таъмин гардидааст.
Қаблан раиси ширкати "Барқи тоҷик", Муҳаммадумар Асозода, зимни нишасте гуфт, ки маҳудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон замоне бартараф мешавад, ки ҳаҷми об дар дарё барои тавлиди ҳаҷми нерӯи барқ, ки талаботро қонеъ кунад, боло равад.
Аммо вазири энержӣ Далер Ҷумъа мегӯяд, бинобар тағйирёбии иқлим вазъ ташвишовартар мешавад.