ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Сокинони умадатан кӯҳистонии вилояти Суғд дар бораи реҷаи маҳдудияти барқрасонӣ ба хонаҳояшон гуфтанд.
Абдулло Асроров, сокини ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки чаҳор рӯз ба ин тараф қатъи барқрасонӣ дар рустои онҳо шурӯъ шудааст.
“Ҳоло шабона аз соати 23:00 то соати 05:00 и саҳар ва рӯзона аз соатҳои 08:00 ва гоҳе аз 09:00 то соати 18:00 бегоҳ барқро қатъ мекунанд” – зикр, кард ӯ.
Равшан Мадумаров, аз сокинони деҳаи Ашт ҳам иброз намуд, ки дар шабонарӯз ҳашт ё нӯҳ соат барқ мегиранд.
Сокинон аз шаҳру навоҳии Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Исфараву Конибодом ҳам иброз намуданад, ки бо чунин реҷа барқ ба онҳо барқ медиҳанд.
Як масъули ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Истаравшан”, ки тақсимоти барқ ба аксар шаҳру навоҳии Суғд аз сӯи ин идора танзим мешавад дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки бо сард шудани ҳаво реҷаи барқрасонӣ бештар хоҳад шуд.
“Ҳоло ҳаво гарм аст ва аҳолӣ дар хонаҳояшон бо барқ чандон эҳтиёҷ надоранд. Аз ин лиҳоз, ҳоло мо коргоҳҳои саноатӣ ва барои ба иҷро расонидани корҳои саҳроӣ пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудиро пурра бо барқ таъмин намудаистодаем. Баъди ба анҷом шудани корҳои саҳроӣ ва сард шуданӣ ҳарорат аҳолии вилоят бо реҷаи бештар бо барқ таъмин карда хоҳанд шуд” – гуфт, масъули идораи барқрасонӣ.
Ширкати “Барқи Тоҷик” ахиран аз тариқи шабакаҳои телевизиони давлатии кишвар эълон кард, ки шурӯъ аз 22 сентябри соли ҷорӣ барқрасонӣ маҳдуд карда мешавад. Ин ниҳод ин вазъро ба вазъи боду ҳаво фасли сармо ва афзоиши талабот ба нерӯи барқ шарҳ додааст.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз моҳҳои сентябр соли 2023 дар Тоҷикистон маҳдудиятҳои интиқоли барқ оғоз ёфту дар моҳи марти соли ҷорӣ ин лимити барқ сартосарӣ шуд.
Танҳо дар моҳи апрели соли гузашта “лимит” и барқрасонӣ дар Тоҷикистон лағв шуд.