Кохи Кремлин: назарияи ҳаставии ҷадид ҳушдор ба ғарб аст

Сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, ки назарияи ҳастаии ҷадид ба ғарб ҳушдор медиҳад ки агар Русия мавриди ҳамла қарор гирад, чӣ авоқиб хоҳад дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия эълом кард, ки тамоми ҷаҳон аз иқтидори ҳастаии Русия ва нақши маҳоркунанда он огоҳ ҳастанд.
Вай гуфт, ки сегонаи ҳастаии Русия тазминкунанда мутлақи маҳор ҳастаӣ аст.
Оқои Песков афзуд, ки сиёсатмадорони оқил дар ғарб қаблани ҳам ба изҳороти Путин дар мавриди маҳори ҳастаӣ ҷаддӣ гирифта буданд.
Вай илова кард, ки назарияи ҳаставии ҷадид ба ғарб ҳушдор медиҳад ки агар Русия мавриди ҳамла қарор гирад, чӣ авоқиб хоҳад дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло бо дарназардошти ташаннуҷе, ки дар наздикии марзҳои Русия ба вуҷуд омадааст, “тағйири назарияи ҳаставии” сурат мегирад.
Нигаронии Раҳмон аз афзоиши афкори исломситезӣ ва “сиёсати духӯра” дар ҷаҳон
Владимир Путин рӯзи 25 сентябр дар ҷаласаи Шӯрои Амният эълон кард, ки дар назарияи ҳастаии Русия тағйирот ворид карда мешавад.
Президент изҳор дошт, ки таҷовуз ба Русия аз ҷониби ҳар як давлати ғайриҳастаӣ бо дастгирии як қудрати ҳастаӣ ҳамчун ҳамлаи муштараки онҳо дониста мешавад. Русия силоҳи ҳастаиро дар сурати таҷовуз, аз ҷумла агар душман бо истифода аз силоҳи муқаррарӣ ба истиқлолият таҳдиди ҷиддӣ эҷод кунад, истифоа хоҳад кард.