ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Мавқеи Владимир Зеленский дар мавриди "маҷбур кардани Русия ба сулҳ" нодуруст аст ва барои Украина паёмадҳои нохуш хоҳад дошт, гуфт сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков.
"Аз нуқтаи назари ман, чунин мавқеъ иштибоҳи марговар, иштибоҳи пай дар пай аст, ин як гумроҳии амиқ аст, ки албатта барои режими Киев оқибатҳои ногузир хоҳад дошт", - гуфт Песков.
Оқои Зеленский як рӯз пеш дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда, зидди музокирот бо Русия барои ҳалли низоъ дар Украина изҳори назар кард.
Илова бар ин, вай боз ба тарафдории истифодаи "формули сулҳ"-и худ барои ҳалли вазъ суханронӣ кард.
Рӯзи сешанбе Зеленский дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “ABC News” гуфт, нақшаи ба истилоҳ ӯ барои пирӯзии Украина ба музокирот бо Русия рабте надорад, балки ҳадафаш таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳи Украина аст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз ин иқдом ба зудӣ хотима додан ба низоъ аст.
Дмитрий Песков дар шарҳи изҳороти қаблии Зеленский дар бораи нақшаи худ қайд кард, ки Маскав аз моҳияти режими Киев огоҳ аст, амалиёти вижаро идома медиҳад ва ба тамоми ҳадафҳояш хоҳад расид.
Моҳи июл Владимир Путин изҳор дошт, ки оташбас дар Украина бидуни ризоияти "тарафи дигар" ба иқдомҳои бебозгашти барои Русия қобили қабул ғайриимкон аст. Москва наметавонад ба душман иҷозат диҳад, ки аз созиши оташбас барои беҳтар кардани мавқеъаш ва барқарор кардани қувват истифода барад, таъкид кард а буд Путин.
Пас аз ҳамлаи Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск Путин гуфт, ки музокирот бо онҳое, ки ба ғайринизомиён ва зербиноҳои ғайринизомӣ ҳамла мекунанд ва ба иншооти энержии ҳастаӣ таҳдид мекунанд, имконнопазир аст. Ёвари раисҷумҳури Русия Юрий Ушаков баъдан изҳор дошт, ки пешниҳодҳои сулҳи Маскав барои созиш, ки қаблан аз ҷониби президент садо дода буд, лағв нашудаанд, аммо дар ин марҳила Русия бо Украина гуфтугӯ нахоҳад кард.