ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Чойхонаи “Харбуза” дар шаҳри Ҳисор ва меҳмонхонаи “Тоҷикистон” ба фурӯш гузошта шуд.
Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар додааст.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ арзиши бинои чойхонаро 34,9 миллион сомонӣ (беш аз 3 миллион доллар) муайян кардааст.
Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ музоядаи фурғши чойхона рӯзи 27-уми сентябр баргузор мешавад.
Бинои “Чойхонаи миллӣ”, ки намуди зоҳириаш ба харбуза монанд аст, соли 2015 ба ифтихори 3000-солагии шаҳри Ҳисор сохта шудааст ва ҳоло аз кор бозмонда, ба таъмир ниёз дорад.
Чойхонаи “Харбуза” дар шаҳри Ҳисор, бо сармояи Муродалӣ Алимардон, раиси пешини Бонки Миллӣ ва “Агроинвестбонк” сохта шудааст.
Дар гузашта чойхонаи “Харбуза” хусусӣ буд ва дар пайи қарздории “Агроинвестбонк” ба ҳисоби давлат гузашт.
Чойхона аз ду ошёна иборат буда, ошёнаи дуюмаш шакли харбузаро дорад. Ба ин макон бештар сокинону сайёҳони хориҷӣ барои тамошо мерафтанд. Бар иддаои мақомот баъди ифтитоҳи чойхона 100 нафар бо кор таъмин мегардиданд, аммо ба қавли сокинон ин чойхона се моҳ фаъолият кардаасту халос.
Ин раёсат ҳамчунон меҳмонхонаи "Тоҷикистон"-ро, ки қаблан баТоҷиддин Пирзода, саҳмдори асосии "Тоҷиксодиротбонк" марбут буд, ба фурӯш гузоштааст.
Нархи ибтидоии меҳмонхона, ки низ дар маркази шаҳр ҷойгир аст, беш аз 17 миллион сомонӣ муайян шудааст. Бинобар шарҳи Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, меҳмонхона аз 139 ҳуҷра иборат буда, зиёда аз ду гектар замин дорад.