ДУШАНБЕ, 24 сент – Sputnik. Дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ "Хатлон-Инвест-2024" баргузор мешавад.
Дар ин бора мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, форуми мазкур рӯзҳои 17-18-уми октябр дар шаҳри Бохтар баргузор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, форуми байналмилалии сармоягузорӣ "Хатлон-Инвест-2024" бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, тақвияти истеҳсолоти ба содиротшаванда, густариши муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон тавассути муаррифии имконият ва маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ мебошад.
Манбаъқайд кардааст, ки дар форуми мазкур намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳии вилоят муаррифӣ гардад.
Инчунин зикр гардидааст, ки мулоқотҳои инфиродии соҳибкорону сармоягузорон ва тасвиби ёддошти байни намояндагони доираҳои тиҷоратӣ баргузор хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти вилояти Хатлон эълон кард, ки бештари маблағҳои сармоя ба вилоят аз се кишвар - Русия, Чин ва Эрон ворид гардидааст.
Дар маҷмӯъ ба вилояти Хатлон аз 26 давлати хориҷӣ сармоя ворид гардидааст.
Бештари маблағҳо ба вилоят аз кишварҳои Русия 40,6%, Чин 35,6% ва Эрон 18,5% ворид шудааст.
Мақомдори вилоят афзуд, дар 6 моҳи соли равон 41,5 млн доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 39,6 млн доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.