Раҳмон Пизишкиёнро ба Тоҷикистон даъват кард

Президенти Тоҷикистон раисҷумҳури Эронро зимни дидору мулоқот дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ ба Тоҷикистон даъват кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён мулоқот кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ маҷмӯи масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.
Дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон аз рушду тавсеаи назарраси равобити дӯстиву бародарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Эрон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон омодааст минбаъд низ барои тақвияти он тадбирҳои муштараки амалӣ андешад.
Инчунин дар ин мулоқт тарафҳо ба густариши муносибатҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоду тиҷорат, тақвияти равобити илмию омӯзишӣ ва таълимии ду кишвар ва рушди ҳамкории фарҳангӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Андуҳи Раҳмон ва Рустам аз марги даҳҳо тан дар як кони ангишти Эрон
Ҳамчунин барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар то соли 2030, ҳамкории амалӣ дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва ҷалби имконоти Кумитаи муштараки сармоягузорӣ барои татбиқи пайгиронаи нақшаҳои мавҷуда муҳим дониста шуд.
Манбаъ зикр кардааст, ки дар фароварди мулоқот президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз Масъуд Пизишкиён даъват намуданд, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф биёранд.