Раҳмон бо давбири кулли СММ мубориза бо терроризм ва ифротгароиро баррасӣ кард

Раисҷумҳури кишвар дар дидор бо Дабири кулли СММ масъалаи рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои онро баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дидору мулоқот кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот рушди ҳамкории Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот иброз дошт, ки Тоҷикистон аз нақши СММ дар татбиқи барномаҳои муҳимми сиёсиву амниятӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар қадрдонӣ кард.
“Ҷонибҳо вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон, паёмадҳои буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, камбизоатӣ ва ноамнии озуқавориро муҳокима намуда, амалҳои дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро дар ин самтҳо зарур шумурданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Тарафҳо ба масоили тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо, нобудшавии гуногунии биологӣ ва вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, татбиқи Рӯзномаи-2030 ва натиҷаҳои Саммити оянда таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Раҳмон Пизишкиёнро ба Тоҷикистон даъват кард
Ҳамчунин дар ин мулоқот масоили омодагӣ ба Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 ва Конфронси навбатии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об дар соли 2028, ки ҳарду дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд, низ аз мавзуъҳои муҳимми суҳбат буд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Антониу Гутериш дар бораи масъалаҳои мубрами мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ ҳам табодули афкор намуданд.