Андуҳи Раҳмон ва Рустам аз марги даҳҳо тан дар як кони ангишти Эрон

Раисҷумҳур ва Раиси Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо ирсоли барқияи тасаллӣ вобаста ба марги даҳҳо ангиштканон ба мардуми Эрон изҳори ҳамдардӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Нахуст Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
Дар барқияи худ раҳбари Тоҷикистон қайд кард, ки хабари талафоти ҷонӣ ва осеб дидани шумораи зиёди мардум бар асари таркиши газ дар яке аз конҳои ангишт дар Эрон боиси андуҳи амиқи мардуми кишвар гардидаааст.
“Бинобар ин мусибати гарон ба Шумо, мардуми дӯсти Эрон ва аҳли пайвандону наздикони фавтидагон маротиби ҳамдардӣ ва тасаллиёти ин ҷонибро иброз менамоям”, - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Субҳи 24 сентябр Раиси Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Тоҷикистон низ бо ирсоли барқияи тасаллӣ ба раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф вобаста ба морги ангиштканон изҳори ҳамдардӣ кард.
Рустам Эмомалӣ низ дар барқияи худ навиштааст, ки ҳалокат ва осеб дидани теъдоди зиёди ангиштканон дар натиҷаи таркиш дар кони ангишти музофоти Хуросони ҷанубӣ боиси андуҳи амиқи мақомоти кишвар гардидааст.
“Ба Шумо ва наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардии худро изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хоҳонам”, - қайд кардааст ӯ.
Ёдовар мешавем, ки дар як кони шаҳри Табаси Эрон таркиши шадиди газ ба вуқӯъ пайваст.
Пизишкиён ба Раҳмон гуфт, Тоҷикистон дар авлавияти сиёсати хориҷии Эрон аст
Ҳилоли Аҳмар гуфтааст, ки теъдоди қурбониёни таркишии шадиди газ дар кони шаҳри Табаси Эрон ба 51 нафар расид.
Ба иттилои хабаргузории ИРНА, 20 нафари дигар шадидан маҷрӯҳ шуданд.
Ин кони ангишт 250 метр дар зери замин ҷойгир буда, 700 метр дарозӣ дорад.