ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Шӯрои машваратии ниҳодҳои интихоботии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳорот қабул кард, ки дар он ҳама гуна кӯшиши дахолат ба интихоботи кишварҳои ИДМ маҳкум шудааст.
Дар ин бора Комиссияи марказии интихоботи Русия хабар медиҳад.
"Шӯрои машваратии роҳбарони мақомоти интихоботии кишварҳои узви ИДМ изҳорот қабул кард, ки дар он... ҳама гуна кӯшиши дахолат ба расмиёти интихоботии давлатҳои аъзои Иттиҳодро маҳкум мекунад", — гуфта мешавад Телеграм-канали Комиссияи марказии интихоботии ФР.
Тибқи изҳороти қабулшуда, Шӯро инчунин ҷонибдори густариш ва амиқсозии ҳамкории мақомоти марказии интихоботӣ мебошад.
Иштирокчиён аҳамияти ташкили нозирони ҷамъиятӣ ва байналмиллалии интихоботро қайд намуда, инчунин даъват намуданд, ки барои таҳияи принсипҳо ва методологияи нозирони байналмиллалии интихобот саъю кӯшиши муштарак анҷом дода шавад.
Дар Минск ҷаласаи Шӯрои машваратӣ баргузор шуд. Иштироккунандагони шӯро инчунин методологияи мушоҳидаи байналхалқии интихоботро муҳокима карданд.
Дар ҷаласа намояндагони комиссияҳои марказии интихоботии Русия, Белорус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Арманистону Узбекистон, ки тариқи алоқаи видеоӣ ширкат доштанд, ширкат доштанд.