ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳамоно пасларзаҳои заминларзаи шадиди ахир идома дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар дар ин бора дар такя ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, пасларзаҳо ҳарчанд аз ду то се балл буд, аммо бар асари он манзили ду сокини вилоят осеб дид.
КҲФ афзуд, аз сабаби он, ки заминларза дар минтақаи кӯҳӣ ва санглох ҷойгир аст, ду резиши сангрезии хурд ба қайд гирифта шуд.
"Деворҳои бинои истиқоматии як сокини деҳаи Колхозободи ҷамоати деҳоти Сучон ва манзили бунёдшаванда дар деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнон осеб дид", - омадааст дар хабари КҲФ.
Зикр гардид, ки офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ надошт.
Ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои кишвар, қаламрави ВМКБ яке аз ноҳияҳои аз зилзилахез дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар сол дар ҳудуди он заминларзаҳои шиддаташон гуногун дар умқи мухталиф ба қайд гирифта мешавад.
Гуфта мешвавад, ки биноҳои баландошёнае, ки дар шаҳрҳои мамлакатамон, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ воқеъ гардидаанд, ба заминҷунбии 8—9 балл тоб меоваранд.