Раиси шаҳри Хуҷанд ба 40 бонуи ҳунарманд грант дод

Бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор ҳамасола грантҳои Раиси шаҳр барои бонувони ҳунарманди шаҳр таъсис дода шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Субҳи имрӯз дар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд дар доираи чорабиниҳои Рӯзи шаҳри Хуҷанд ба 40 нафар бонувони ҳунарманд аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, грантҳо тақдим карда шуд.
Тавре дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар додааст, маблағи умумии грантҳои раиси шаҳри Хуҷанд 165 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Фирдавс Шарифзода, дар маросими супоридани Грантҳо таъкид дошт, ки грантҳои додашуда ба беҳбудии минбаъдаи ҳаёт ва фаъолияти занон дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Оқои Шарифзода қайд кард, ки таъсиси грантҳои Президентӣ ва гранти Раиси вилоят баҳри фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои занону духтарон ва дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории онҳо мусоидат мекунад.
Аҳмадзода ба занони ҳунарманд дар Суғд грант медиҳад
“Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор ҳамасола грантҳои Раиси шаҳр барои бонувони ҳунарманди шаҳр таъсис дода шудааст”, - қайд кард раиси шаҳри Хуҷанд.
Соли равон бо қарори Раиси шаҳр ба 40 нафар занони соҳибкор, ҳунарманд ва эҷодкор тибқи хулоса ва қарори ҳайати комиссияи грантӣ соҳиби гранти Раиси шаҳр, аз чумла 5 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3000 сомонӣ гардиданд.
Грантҳо ба бонувон дар вазъияти тантанавӣ аз тарафи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода тақдим карда шуд.