ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар пойтахти Покистон мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Исломобод Юсуф Шарифзода бо вазири федеролии мудофиаи Покистон Хавоҷа Муҳаммад Осиф сурат гирифт.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои равобити Тоҷикистону Покистон баррасӣ шудааст.
ВУХ қайд кардааст, ки дар дидор бахусус масоили иқтисодӣ, авиатсияи гражданӣ, амниятӣ ва низомии техникӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз ҷумла тарафҳо вобаста ба вазъи имрӯзаи низомию сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон, ки ба ҳолати амниятии минтақа таъсири бевосита мерасонад, табодули афкор намуданд.
Инчунин тарафҳо вобаста ба дигар масъалаҳои хоси мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор анҷом доданд.
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки Покистон талошҳои Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа самарабахш арзёбӣ мекунад.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар рафти суҳбат инчунин муҳиммияти татбиқи лоиҳаи энергетикии “CASA-1000” барои кишварҳои минтақа таъкид карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири тиҷорати Покистон Ҷам Камал Хан масъалаи густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷонибаи Тоҷикистону Покистонро баррасӣ кард.
Зимни мулоқи қайд карда шуд, ки гардиши савдои хориҷии солона байни Тоҷикистон ва Покистон то 53 млн. доллар ё 62 фоиз афзоиш ёфт.
Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар мулоқот аз ҳамтои худ даъват кард, ки барои ҷалби сармояи Покистон ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, бахусус сохтмону азнавсозии неругоҳҳо барои истеҳсоли энергияи сабз ва таъсиси корхонаҳои саноатии муштарак, аз ҷумла оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ мусоидат намояд.
Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи гардиши савдои дуҷониба, зиёд намудани маҳсулоти содиротӣ, густариши ҳамкориҳо дар самтҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, логистика, имкониятҳои истифодабарии транзитии молҳо ва бандарҳои Покистон, инчунин воридоти шакарро баррасӣ карданд.