ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Фасодкор дар як сол ба ҳукумати Тоҷикистон ба маблағи 347 миллион сомонӣ зарар расонидаанд.
Дар ин бора раиси Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода зимни суханронӣ дар ҷаласаи 9-уми Шӯрои байнидавлатии мубориза бо коррупсия хабар дод.
"Ба давлат 347 миллион сомонӣ хисорот ворид шудааст, ки муодили қариб 33 миллион долларро ташкил медиҳад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, бо тадбирҳои андешидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ беш аз 333 миллион сомонӣ, ё ҳудуди 32 миллион доллар ба буҷаи давлат баргардонида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Душанбе ҷаласаи IX Шӯрои байнидавлатии мубориза бо фасод ҷараён дорад.
Дар ин чорабинӣ ба ҷуз аз Тоҷикистон, аъзои шӯро намояндагони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус ширкат доранд.
Додситони кулли Русия Игор Краснов ҷаласаро бо иқтибос аз Умари Хайём ифтитоҳ намуда, изҳори итминон кард, ки вохӯрӣ ба дастаҳои додситонӣ ва бахшҳои дахлдор имкон медиҳад, то ба ҳадафҳои афзалиятнок ва дарозмуддат дар мубориза бо коррупсия муваффақ шаванд.