ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Бо имзо Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Русия ҳамкориҳои ду кишвар дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият дода мешавад.
Қайд карда шудааст, ки далели имзо ин Созишнома муқовимат ба коррпусия мебошад.
Созишномаро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва прокурори генералии Русия Игор Краснов дар ҳошияи ҷаласаи IХ Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, имзо намуданд.
Дар маросими имзои созишнома роҳбарони мақомоти марбутаи Тоҷикистон ва Русия имзои санадро дар самти муқовимат ба коррупсия ва тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд дар ин самт муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон баъд аз имзои Созишнома ҳамкорӣ ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки барқарорсозии ҳамкории мутақобилан судманд байни мақомоти марбутаи Тоҷикистон ва Русия дар оянда барои таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду давлат шароити мусоид фароҳам меорад.
Созишномаи мазкурр ҳамчунин ба тақвияти неруҳое, ки бар зидди коррупсия мубориза мебаранд, таъсири мусбат мерасонад.