Мавзӯи аслии чорабинӣ "Занон ҷонибдори эҷоди эътимод ва ҳамкории ҷаҳонӣ" мебошад.
Дар доираи чорабинӣ ҷаласаҳои пленарӣ, мубоҳисаҳо ва вебинарҳо, инчунин Форуми занони БРИКС пешбинӣ шудааст.
Муовини нахуствазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар ҷаласаи пленарии Анҷумани занони Авруосиё ширкат кард.
Зимни суханрониаш муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ қайд кард, ки Анҷумани занони Авруосиё як платформаи бонуфузест, ки дар рушди муколамаи байналмилалӣ нақши муҳим мебозад.
Форуми занони Авруосиё таҳти раёсати Шӯрои Федератсия дар се сол як маротиба баргузор мешавад. Форуми мазкур 18-20-уми сентябр дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мегардад. Дар доираи он ҷаласаи “бистгонаи занон” ва аввалин форуми занони кишварҳои узви БРИКС (давлатҳои узв — Русия, Чин, Бразилия, Ҳиндустон, Африқои Ҷанубӣ) доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Дилрабо Мансурӣ ба 40-гонаи беҳтарини “Занони роҳбари Осиёи Марказӣ” шомил шуд.