ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. То 16 сентябр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 26 ҳазору 315 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ин 8,9 фоизи нақшаи умумии вилоятро дар бар мегирад.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, имсол дар вилоят дар майдони 120 ҳазору 716 гектар пахта кишт гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 4,5 ҳазор гектар зиёд мебошад.
Ба иттилои манбаъ, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 23,9-сентнериро ташкил медиҳад. Кишоварзони вилоят азм кардаанд, ки имсол беш аз 295 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки пахтакорӣ қариб 20 дарсади аҳолии мамлакатро бо кор таъмин намуда, манбаи муҳими ашёи хоми саноати бофандагӣ ба ҳисоб меравад.
Вазорати кишоварзӣ қайд кардааст, ки парвариши пахта яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки дар соли 2023 ҳудуди 10 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакатро ташкил дода буд.
Вазорат қайд кардааст, ки дар соли 2024 майдони кишти пахта 174,9 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 8,6 ҳазор гектар зиёд мебошад.