Манбаъ: Киев барои мубориза бо артиши Русия дар Сурия бо террористҳо тавоффуқ кардааст

Хадамотҳои махсуси Украина барои анҷоми амалиётҳои низомӣ дар қаламрави Сурия бар зидди артиши Русия бо террористҳо ба тавофуқи расидаааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Режими Киев дар ҳамоҳангӣ бо Иёлоти Муттаҳида террористони гурӯҳи “Ҳаёт Таҳрир аш-Шам”*-ро бо технологияҳои нави истифода ва истеҳсоли паҳподҳо фаъолона таълим медиҳад.
Дар ояндаи наздик дар Сурия ҷабҳаи навро ба муқобили нерӯҳои Русия боз хоҳанд кард, гуфт як манбаи суриягии огоҳ аз вазъ ба РИА “Новости”.
"Гурӯҳи афсарони хадамоти махсуси украинӣ беш аз як моҳ пеш ба Идлиб сафар карда буданд, то ҳамлаҳоро ба нерӯҳои Русия пас бо истифода аз технологияҳои нав анҷом диҳанд то дар Сурия ҷабҳаи нав алайҳи нерӯҳои Русия боз шавад", - гуфт манбаъ.
Манбаъ қаблан хабар дода буд, ки аллакай 250 мушовири низомии украинӣ дар қаламравҳои таҳти назорати террористон дар вилояти Идлиби Сурия қарор доранд. Онҳо ба таълими террористони "Ҳаят Тахрир аш-Шам”* ба истеҳсоли паҳподҳои низомии нав шуруъ карданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вазорати дифои Русия талафоти артиши Украина дар Курскро эълон кард
Як рӯз пеш рӯзномаи Ал-Ватани Сурия бо такя ба манобеъи мухолифон дар Идлиб навишта буд, ки сардори Сарраёсати иктишофии Вазорати дифои Украина Кирилл Буданов** бо раҳбари "Ҳаят Таҳрир аш-Шом* Абумуҳаммад Ҷулонӣ дар тамос аст.
Онҳо масъалаи ҷалби ҷангҷӯён барои ширкат дар амалиёти ҷангӣ алайҳи Русияро баррасӣ карданд. Қайд карда мешавад, ки пеш аз ҳама ҷалби муҳоҷирон аз кишварҳои пасошӯравӣ ба Украина на камтар аз ду моҳ идома дорад.
Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров низ аз ҳузури эмиссарҳои истихбороти Украина дар минтақаи Идлиби Сурия хабар дод. Вай гуфт дар он ҷо ҷангҷӯёнро ҷалб мекунанд.
Ҳафтаи гузашта рӯзномаи туркии “Aydınlık” динлик бо такя ба манобеъаш навишт, ки Киев ба “Ҳаят Таҳрир аш-Шом* бар ивази раҳоии ҷангҷӯёни тундрав, ки дар зиндони ин гурӯҳ нигаҳдорӣ мешаванд, 75 паҳпод пешниҳод кардааст.
Нашрия иддао дорад, ки наворҳо аз музокироти моҳи июн дар Идлибро дар даст дорад.
*-Ташкилоти террористии мамнӯъ дар Русия.
**-шахсе, ки аз ҷониби Росфинмониторинг ба феҳристи террористон ва экстремистҳо ворид шудааст