ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ҳамкориҳои вилояти Суғди Тоҷикистон бо вилояти Рязани Русия тақвият меёбанд.
Дар ин бора дар мулоқоти ҳайатҳои дуҷониба, ки дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, зикр ёфт.
Бояд қайд кард, ки ҳайати расмии вилояти Рязани Русия бо роҳбарии муовини Раиси вилояти Рязан Юля Швакова ба вилояти Суғд ворид шудааст.
Встреча делегаций Рязанской и Согдийской областей в Худжанде
© Foto / Пресс-служба председателя Согдийской области
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо ҳайати Рязан таъкид кард, ки ҳамкории ду давлати дӯст беш аз пеш густариш меёбад.
“Дар ин замина вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Русия муносиботи ҳасана дошта, мубодилаи молу маҳсулот сол аз сол афзоиш меёбанд”, - гуфт ӯ.
Инчунин раиси вилоят қайд кард, ки имрӯзҳо даҳҳо корхонаҳои муштарак дар вилоят фаъолият доранд.
Раиси вилояти Суғд таваҷҷуҳи меҳмононро ба масъалаи таъсиси корхонаҳои нав, ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, ҳунармандӣ ҷалб намуд.
“Дар ин самт бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки Палатаҳои савдо ва саноати вилоятҳои Суғд ва Рязан бо тақвият бахшидани фаъолият аз имконоти мавҷуда истифода намуда истодаанд”, - афзуд оқои Аҳмадзода.
Ҳамзамон, дар ин мулоқот зарфиятҳои вилояти Суғд муаррифӣ гардид ва Раҷаббой Аҳмадзода пешниҳод дар самти аз худ намудани заминҳо ва бунёди боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳои типи нав, ташкили корхонаҳои коркарди мева, пахта ва истеҳсоли матоъ аз пахта, корхонаи коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзол, корхонаи истеҳсоли доруворӣ бо истифода аз гиёҳҳҳои шифобахши Тоқикистон ба миён гузошт.
Мақомоти Суғд дар ин дидор барои фароҳам овардани шароити муносиб дар самти сармоягузорӣ, ҳамкории судманди соҳибкорони ду вилоят ва татбиқи нақшаву барномаҳо омордагии худро баён дошт.
Дар ҳамин ҳол, муовини Раиси вилояти Рязан Юля Швакова иброз дошт, ки ҳадаф аз ташрифашон ба вилояти Суғд пеш аз ҳама густариш бахшидани ҳамкориҳо, шиносоӣ бо зарфиятҳои мавҷуда ва дарёфти шарикон дар самту соҳаҳои мухталиф мебошад.
Вай изҳори боварӣ кард, ки ин дидору мулоқот ва гуфтушунидҳо дар амалӣ шудани нақшаву барномаҳои нав, ки метавонад ба нафъи ҷонибҳо бошад, мусоидат намояд.
Дар доираи сафар ба вилояти Суғд ҳайати расмии вилояти Рязани Русия аз корхонаҳои саноатӣ дидан намуда, бо соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатӣ мулоқот хоҳад кард.