ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Лоиҳаи бекор кардани роуминги байналмилалӣ байни кишварҳои узви ИИАО аз ҷониби Комиссияи иқтисодии АвруОсиё таҳия шудааст.
Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ба иттилои мнабаъ, айни замон комиссия дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ оид ба алоқа тадбирҳои ниҳоии нақшаро амалӣ карда истодааст.
“Гурӯҳи корӣ дар бораи таҳияи қоидаҳои истифодаи тарифҳои одилонаи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ дар роуминги байналмилалӣ дар қаламрави кишварҳои узви ИИАО баррасӣ дорад. То охири соли равон лоиҳаи қоидаҳо бояд барои тасвиб ба ҳайати мушовараи комиссия пешниҳод карда шаванд", - гуфт Сергей Максимов, директори департаменти танзими зиддиинҳисории КИАО.
Айни замон дар бораи татбиқи тарифҳои одилонаи алоқа дар кишварҳои узви ИИАО гуфтушунид давом дорад.
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё иддао дорад, ки роуминг дар семоҳаи аввали соли оянда лағв хоҳад шуд.
Ҳанӯз маълум нест, ки лағви роуминг танҳо ба зангҳои телефонӣ дахл дорад ё ба интернети мобилӣ низ дахл хоҳад кард.
ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки аъзои он Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Ба Молдова, Куба ва Узбекистон мақоми нозир дода шуд.