ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Ахиран дар ҷаласаи Федератсияи камонварии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода қайд карда шуд, ки Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон имсол низ идома баргузор мешавад.
Дар ин ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки ин мусобиқа санаҳои 4-7 октябри соли ҷорӣ бо иштироки варзишкорони беш аз 15 давлат баргузор мешавад.
Қайд карда шудааст, ки аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти кишвар, ки соли гузашта баргузор шуд, беҳтарин камонварон аз 8 кишвари хориҷаи дуру наздикро бо ҳам оварда буд.
Раиси вилояти Суғд ва раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар ин ҷаласа таъкид кард, ки таърихи ин намуди варзиш – ҷузъи ҷудонопазири таърихи халқи тоҷик ва Тоҷикистон буда, таҷрибаи ташаккул ва дастовардҳои варзиши камонварӣ моро ба рушди ин намуд водор мекунад.
“Камонварӣ яке аз навъҳои таърихӣ, машҳур ва ояндадори варзиш маҳсуб ёфта, дар гузашта дар мамлакат камонварони моҳир тарбия ёфтаанд. Барандаи бисёр ҷоизаҳои мўътабари варзиши намуди камонварӣ Зебунисо Рустамова яке аз чунин варзишгарон ба ҳисоб меравад”, - гуфт ӯ.
Ҳамчунин раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистондар ин ҷаласа дар назди масъулин барои омодагӣ ва иштироки варзишгарони дастаи мунтахаб ба мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ, дастрас намудани лавозимоти варзишӣ, аз қабили тиру камонҳои замонавӣ, омода намудани варзишгарони дорои унвонҳои варзишии “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дараҷаи варзишии “Номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, иштироки доварон дар семинарҳои Федератсияи ҷаҳонии камонварӣ вазифагузорӣ кард.