Тоҷикистон мизбони бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё мешавад

Бар асоси натоиҷи марҳилаи интихобӣ ғолибони 10 гурӯҳ ва панҷ дастаи беҳтарини зинаи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳхат мегиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Пойтахти Тоҷикистон қарор аст, ки мизбони бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 миёни дастаҳои то 20-сола шавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 21 то 29 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи "Е" тимҳои ҷавонони Тоҷикистон, Уммон, Малайзия, Шри-Ланка ва Корея Шимолӣ рақобат мекунанд.
Пирӯзии мунтахаби футзали Тоҷикистон бар Ҳоланд
Ҳамаи бозиҳо миёни ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат мегиранд, афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки бар асоси натоиҷи марҳилаи интихобӣ ғолибони 10 гурӯҳ ва панҷ дастаи беҳтарини зинаи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳхат мегиранд.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 6 то 23 феврал дар Чин баргузор мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ахиран дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ҳунарнамоии хуб надошт.
Ин мусобиқа дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон доир шуда, яккачини кишвар мақоми чаҳорумро касб кард.