КИ самтҳои асосии сиёсати савдоро дар ИИАО муаррифӣ кард

Дар ин ҳамоиш дар Туркманистон директори департаменти сиёсати тиҷоратии Комиссияи иқтисодии Авруосиё аз соҳаҳои авлавиятдор дар созмон изҳори назар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Кумиссиюни иқтисодии созмони АвруОсиё самтҳои асосии сиёсати тиҷоратии иттиҳодро дар форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар пойтахти Туркманистон – Ашқобод муаррифӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти комиссия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар бораи сиёсати иқтисодии созмон директори департаменти сиёсати тиҷоратии Комиссияи иқтисодии Авруосиё Владимир Серпиков гузориш дод.
Дар кадом кишвари ИИАО музди меҳнат боло рафтаст?
Гуфта мешавад, ки вай дар ду сессияи мавзӯӣ бахшида ба трансформатсияи рақамӣ ва иқтисоди сабз баромад намуда, иштирокчиёни форумро дар бораи масъалаҳои мубрами рушди рақамикунонӣ дар савдо ва логистика, инчунин таҳияи рӯзномаи иқлим дар доираи ИИАО маълумот дод.
Зимни баромадҳо масъалаҳои рақамисозии ҳамлу нақли бор, ҷорӣ намудани мӯҳрҳои навигатсионӣ, тамғагузории маҳсулот ва мушкилоти марбут ба мубориза бо тағирёбии иқлим низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
"Иттиҳод бар аҳамияти рушди рақамисозӣ дар соҳаи нақлиёт ва тиҷорат барои таъмини фазои ҷолиби сармоягузорӣ, шароити шаффоф барои гардиши молҳо ва инчунин рақобати одилона асос ёфтааст", - таъкид кард Владимир Серпиков.
Анҷуманро Вазорати молия ва иқтисод, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Палатаи савдо ва саноати Туркманистон ташкил кард.