Нахустин иштироки ширкатҳои тоҷикистонӣ дар намоишгоҳи байналмилалии Туркия

Бори аввал ҳашт ширкат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 32-юми байналмилалии "WorldFood Istanbul" иштирок намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Дар Намоишгоҳи 32-юми байналмилалии "WorldFood Istanbul", ки аз 3 то 6 сентябр баргузор гардид, 8 ширкати аз Тоҷикистон ширкат намудааст.
Ба иттилои Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон иштироки ширкатҳои тоҷикистонӣ дар ин намоишгоҳ бори аввал сурат гирифтааст.
Дар намоишгоҳи мазкур зиёда аз 900 ширкати истеҳсолӣ ва харидорон аз 80 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, дастовард ва навовариҳои техникиро дар соҳаи озуқаворӣ ба намоиш гузоштанд.
Қайд карда шудааст, ки дар намоишгоҳи "WorldFood Istanbul" бори аввал стенди миллии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
1 / 3
На выставке World Food Istanbul впервые был представлен национальный стенд Таджикистана. Восемь отечественных компаний приняли участие в мероприятии при поддержке проекта USAID Trade Central Asia совместно с Торгово-промышленной палатой Республики Таджикистан и проекта USAID по развитию сельских территорий на основе рыночных механизмов и представили свою продукцию.
2 / 3

3 / 3

Стенди Тоҷикистонро Консули генералии кишвар дар Истанбул Зоҳир Мирзозода, раиси Шурои тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия Ҷиҳонгир Фикрӣ ва директори портфели ташкилкунандаи чорабинӣ ICA/WFI Семи Бенбанасте ифтитоҳ намуданд.
Дар намоишгоҳ ширкатҳои Тоҷикистон "Оро Исфара", "Фабрикаи ширин", "Баракат Исфара", "Ганҷи Кӯҳистон", "Таҷфрут", "Алӣ Априкот", "Водии меваҳо" ва "Субҳи Ватан" маҳсулоташонро ба намоиш гузоштанд.
Қайд карда шудааст, ки дар намоишгоҳ бо намояндагони шабакаҳои савдои чакана ва корхонаҳои яклухт, ки ба харидории маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, якчанд вохӯрӣ ташкил карда шуд.
Раҳмон: Сатҳи камбизоатиро аз 83% ба 21% расондем
Инчунин дар натиҷаи мулоқотҳои хосса ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба имзо расонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи байналмилалии "WorldFood Istanbul" яке аз намоишгоҳҳои калонтарини байналмилалии ғизо ва нӯшокиҳо мебошад.
Давоми зиёда аз 30 сол Истанбул ба макони вохӯрии истеҳсолкунандагони маводи хӯроквории байналмилалӣ ва харидорони калидӣ аз Туркия ва дигар кишварҳо табдил ёфтааст.