Ҳамла ба муфтии Тоҷикистон: авбошӣ ё террористӣ?

Мақомоти расмӣ бо гузашти ду рӯз ҳамла ба ҷони Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистонро шарҳ надоданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 сент – Sputnik. Аммо огаҳони ҳол бар инанд, ки ин қазия як ҳодисаи одӣ нест ва ба ташдиди таҳдидҳои амниятии имрӯзии минтақа, бахусус, ифротияту терроризм ишора мекунад.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, дар шарҳи мавзуъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод вуқуъи ҳодисаи ҳамла ба ҷони раиси Шӯрои уламоро, ки вазорати корҳои дохилӣ шарҳ дод, таъйид мекунад ва чизе барои илова кардан надорад.
“Дар бораи ангезаву шароит ва авомили ҳодиса чизе гуфта наметавонем ва мунтазири натиҷаи таҳқиқи мақомоти дахлдор ҳастем”, - гуфт Афшини Муқим.
Ҳамчунин як шарҳеро ба Sputnik Тоҷикистон дар вазорати корҳои дихилии Тоҷикистон низ ироа карданд.
Бино ба эътирофи шоҳидони саҳна, тақрибан соати 5.20 – и бегоҳи 11 сентябр, замоне, ки Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтӣ ё раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, аз намози мағриб фориғ шуд ва дар саҳни Масҷиди марказии Душанбе бо дигар намозгузороне, ки мехостанд ба ӯ адои эҳтиром кунанд, дастфишорӣ мекард, яке аз онҳо, ки ҷавоне аз навоҳии атрофи пойтахт гуфта мешавад, бо “асбоби халандаю бурранда”, ки эҳтимолан корд буда бошад, ба ҷои саломалайкӣ ба ӯ ҳамла бурда, ҷароҳат мерасонад.
Мусалмонони Русия ҳамла ба муфтии Тоҷикистонро маҳкум карданд
Афроди ҳозир дар саҳна ба ҳимоят аз муфтӣ ҷилави зарбаҳои бештари ин ҷавонро гирифта, ӯро дастгир мекунанд ва ба кормандони милиса, ки ба зудӣ расида буданд, таслим медиҳанд. Сипас муфтиро ба шифохонаи “Ёрии таъҷилӣ” мебаранд ва пас аз бастану дорумолии ҷароҳатҳо, ки аслан дар ноҳияи рӯву гардан расида буданд ва духтурон онҳоро сабук арзёбӣ карданд, ба хона рухсат мешавад.
Қарор буд, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, соати 10 – и рӯзи 12 сентябр дар як конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони “Нақши олимон ва мутафаккирони тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддуни исломӣ” суханронӣ кунад, аммо ӯ дар маҳфил ҳузур наёфт.
Ҳамзамон муфтӣ дар намози ҷумъа дар Масҷиди марказии Душанбе, ки ҳамвора бо имоматии ӯ мегузашт, ширкат накард ва намоз бо имоматии муовини ӯ анҷом шуд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода дар гузашта борҳо ба тақозои вазифае, ки дорад, гуруҳҳои террористӣ ва афродеро, ки хориҷ аз фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ ва ба манфиати ҷараёнҳои ифротӣ дар Тоҷикистон таблиғ ё рафтор мекунанд, интиқод карда буд.
Муфтии Тоҷикистон яке аз пешгомони баҳсҳои “ҳиҷоби исломӣ” буд, ки бар “ҳиҷоби тоҷикӣ” таъкид мекард ва мегуфт, зарурат ба ҳиҷоб ё либосҳои бегона дар Тоҷикистон нест, чун либоси миллӣ нишонаи фарҳангӣ миллӣ ва фарҳанги миллӣ рукни истиқлолияти миллӣ аст ва вақте фарҳанги миллӣ аз миён меравад, истиқлолияти як кишвар ҳам ноқис хоҳад шуд.
Дар пайи чунин мавқеъгириҳо мухолифони ӯ ва ҷонибдорони созмонҳои террористиву ифротӣ ӯро мавриди интиқод қарор медоданд ва амдан бо таҳрифи мавқеи ӯ - ҳиҷоби миллии тоҷикӣ, ки ба хубӣ ва беҳтар аз ҳама нақши ҳиҷоби исломиро иҷро мекунад, - ӯро аз мухолифони раддаи аввали “ҳиҷоб” ва “сатр” – и исломӣ ба муаррифӣ мегирифтанд.
Вокуниши сафорати Русия дар Душанбе вобаста ба ҳамла ба муфтии Тоҷикистон
Дар ҳоле ки вазорати корҳои дохилӣ ҳанӯз дар нахустин баёнияи худ фарди ҳамлагарро “як нафар” ва ҳамлаи ӯро “аз ҳиссиёти авбошӣ” арзёбӣ кард, коршиносон бар инанд, ки ин ҳамла ба руҳи пасотолибонии минтақа ва тарҳҳои истихбороти хориҷӣ барои ноамн кардани кишварҳои ИДМ ба дасти гуруҳҳои ифротиву террористӣ, назири ДОИШ*, ҳамхонӣ мекунад.
Нуруллоҳ Ҳусейнов, коршинос дар умури минтақа, мегӯяд, муфтии Тоҷикистон як нафари одӣ нест, ки масалан, бо касе хусумати шахсӣ ва ё дар заминаи маишӣ мушкиле дошта бошад ва интихоби макони ҳамла низ ишора ба он мекунад, ки ҳамла ба фаъолиятҳои кории ӯ рабт дорад.
“Ҳадаф гирифтани афроди саршинос шеваи шинохташудаи гуруҳҳои террористӣ аст, ки мехоҳанд аз ин роҳ вокунишу ҳангомаи бештареро дар ҷавомеъ ба бор оранд. Дар ҷомиа афроди ифротие кам нестанд, ки аз сӯи гуруҳҳои террористӣ шиносоиву сармоягузорӣ ва дар чунин ҳамлаҳо истифода мешаванд. Аммо мақомоти Тоҷикистон назар ба таҷрибае, ки аз гузашта дорем, дар чунин ҳолот муҳтотона амал мекунанд ва ҷилави ба иғтишош кашидани азҳони умум дар ҷомиаро мегиранд. Дер бошад ҳам, маълум хоҳад шуд, ки аслан чӣ иттифоқ афтодааст, аммо муҳим аст, ки террористон ва пуштибонони онҳо ба ҳадаф нарасанд”, - гуфт Нуруллоҳ Ҳусейнов.
Ба қавли коршинос, ҳамалоти террористие, ки соли равон ДОИШ* дар Русия анҷом дод ва тарҳҳои нокоми террористӣ дар рӯзҳои наврӯзӣ ва ниҳоят ҳамла ба муфтии Тоҷикистон далолат ба он мекунанд, ки истихбороти хориҷӣ ҳанӯз аз тарҳҳои худ даст накашидаанд.
Агар инро ҳам ба назар гирем, ки ин ҳамла рӯзи 11 сентябр мусодиф ба замони ҳамалоти Ню-Йорк дар соли 2001 ва ҳам арафаи конфронси байнулмилалӣ дар мавзуъи саҳми тоҷикон дар фарҳангу тамаддуни исломӣ дар Душанбе иттифоқ афтод, қазия ранги дигар мегирад.
*- Созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия манъ аст