ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Тоҷикистон рушди ҳамкориҳоро дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи сиёсати хориҷии худ медонад
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар шаҳри Исломободи Покистон зимни ҷаласаи 23-юми вазирони иқтисодӣ ва тиҷоратии хориҷии давлатҳои узви СҲШ таъкид кард, муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои узви СҲШ пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд.
“Дар натиҷа гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои СҲШ давра ба давра тамоюли рушдро касб намуда, ҳамасола беш аз 70 дарсади ҳиссаи гардиши савдои Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаи СҲШ рост меояд”, - гуфт ӯ.
Вазири Тоҷик илова кард, ки ҳиссаи СҲШ қариб нисфи аҳолии ҷаҳон ва 27 фоизи ММД-и глобалиро ташкил намуда, минтақа дорои бозори бузург ва имкониятҳои васеъ мебошад.
Вазири иқтисоди кишвар қайд кард, ки дар ин раванд Стратегияи рушди иқтисоди СҲШ барои давраи то соли 2030 бо ташаббуси Тоҷикистон таҳия гардида, аз ҷониби кишварҳои аъзои созмон қабул карда шуд.
Дар робита ба ин оқои Завқизода ба иштирокдорони ҷаласа барои таҳияи Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи мазкур пешниҳоди мушаххас вобаста ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ ва сабз, энергияи сабз, тиҷорати электронӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва соҳаҳои инноватсионӣ, инчунин истифодаи васеи имкониятҳои транзитии Тоҷикистон манзур намуд.
Қайд карда шудааст, ки дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида иброз карданд.