Сӯиқасд ба ҷони муфтии Тоҷикистон: Шарҳи мақомот

Дар шаҳри Душанбе баъд аз намози аср ба муфтии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода бо корд ҳамла кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Шоми дирӯз, 11 сентябр баъди намози аср як шахси ношинос дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба раиси уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳамла кардааст.
Дар ин бора маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, як нафар аз ҳиссиёти авбошӣ ба бадани муфтии Тоҷикистон Абдулқодирзода Саидмукаррам бо асбоби халандаю бурранда зада, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуд.
ВКД Тоҷикистон қайд кардааст, ки Абдулқодирзода ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардошта, баъди ташхиси духтурон ба ҷойи зисташ гусел карда шуд.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми андешидани чорабиниҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ ҷинояткор сари вақт дастгир карда шуд.
“Намоз намехонанд” – шарҳи Шӯрои уламо дар бораи ҳамлаи Крокус
Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки вобаста ба ҳодисаи мазкур аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Ба иттилои расонаҳои маҳалӣ аҳволи Абдулқодирзода раиси Шӯрои уламо хуб аст ва дар ҷоийи зисти худ қарор дорад.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода 61 сол дошта, аз соли 2010 раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон аст.