ДУШАНБЕ, 11 сент — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода гуфт, Русия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз авлавият бархурдор аст.
Вай қайд кард, ки гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳи соли равон 17% афзоиш ёфтааст.
"Русия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз авлавият бархурдор аст, ба ин таърихи муштарак, фарҳанг ва манфиатҳои кишварҳои мо кумак мекунанд. Новобаста аз мушкилоҳои мавҷудаи имрӯза мо боварӣ дорем, ки ин арзишҳо минбаъд низ асоси равобити мо хоҳанд буд", - гуфт сафир таҷлили Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон дар Маскав.
Сафир қайд кард, ки кишварҳо пайваста роҳи гузариш ба сатҳи сифатан нави ҳамкориро идома медиҳанд.
"Шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ заминаи устувори рушди босамари амалҳои мутақобилан судманди байни кишварҳои мост. Ҷузъи муҳими муносибатҳои мо, ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошад. Ҳамин тавр дар 8 моҳи соли равон табодули коло миёни кишварҳои мо ба 17% (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) афзоиш ёфт", - гуфт сафир.
Ёдовар мешавем, ки қаблан хабар дода шуда буд, ки гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия дар 7 моҳи соли 2024 беш аз 1,1 миллиард долларро ташкил додааст. Он нисбат ба ҳафт моҳи соли 2023 12,1% афзоиш ёфтааст.
Ин нишондиҳанда барои Русия ва Тоҷикистон рекорд гардид, зеро дар танҳо 7 моҳи бештар аз 8 моҳи (январ-август) соли қаблӣ харидуфӯруш карданд.