ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Дар самти Коренево дар вилояти Курск туфангдорони дарёии Русия чанд маҳаллаи аҳолинишинро озод карданд, гуфт фармондеҳи нерӯҳои вижаи Ахмат, муовини сардори Сарраёсати ҳарбӣ-сиёсии Вазорати дифоъ генерал Апти Алаудинов дар канали Telegram-и худ.
Вай гуфт, душман баъд аз ҳамлаи артиши Русия ба минтақаҳои ишғолшуда аз сӯи неруҳои украинӣ талафоти хеле калон дидааст.
Ин фармондеҳ қайд кард, ки бригадаи 155-уми туфангдорони дарёӣ, ки қаламравҳои Русияро озод кардааст, дар паҳлӯи рости қисмҳои ӯ, дар самти Коренево ҷойгир шудааст.
У таъкид кард, ки ҷанговарони ин бригада хеле далерона ва ҷасурона меҷанганд, "онҳо ҳеҷ гоҳ ақибнишинӣ намекунанд ва хамеша пеш мераванд.
Баъдан Алаудинов дар сӯҳбат бо РИА “Новости” тавзеҳ дод, ки дар вилояти Курск тақрибан даҳ маҳаллаи аҳолинишин озод карда шуданд.
"Дар он ҷо асрон ҳастанд. Мо ин деҳаҳоро комилан поксозӣ ва душманеро, ки дар он ҷо буд, несту нобуд кардем. Бархе аз онҳо таслим шуданд", - афзуд ӯ.
Нерӯҳое, ки Алаудинов роҳбарӣ мекунад, дар самти Суҷа меҷанганд. Дар он ҷо дар зарфи 24 соати ахир сарбозони рус якчанд воҳиди техникаи душманро несту нобуд карданд ва душман бо вуҷуди талошҳои сершумори ҳамлааш натавонист пеш равад.
Субҳи имрӯз намояндаи ниҳоди интизомии Русия ба хабаргузории РИА “Новости” хабар дод, ки амалиёти ҷавобӣ дар вилояти Курск оғоз шудааст.