Таҷлили ҷашни истиқлоли Тоҷикистон бо оташбозии рангин дар Душанбе – видео

Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 33 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шоми гузашта бо оташбозии бошукӯҳи идона анҷом ёфт
Sputnik
Санаи 9 сентябр дар ҳудуди Майдони Истиқлоли пойтахт намоиши бошукӯҳ баргузор шуд.
Шумораи зиёди сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ низ дар "Наврӯзгоҳ" ҷамъ омаданд, ба онҳо барномаи рангини консертӣ тақдим карда шуд.
Ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон бо суруду таронаҳои саршор аз тараннуми Ватану истиқлолият ба барнома таровати тоза бахшиданд.
Акси Раҳмону Дуои модар дар осмони торики Хуҷанд: Таҷлили Рӯзи истиқлол дар Суғд
Пас аз намоишҳо дар Душанбе, оташбозии идона сурат гирифт, "намоиши осмонӣ" -и зебо чанд дақиқа идома кард.
Ёдовар мешавем, ки аз 7 то 9 сентябр бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат чорабиниҳои оммавию сиёсӣ, намоишномаҳои театрӣ ва барномаҳои пурмуҳтавои консертӣ баргузор гардид.