Дар таҷлили ҷашни истиқлоли давлатии Тоҷикистон аъзои Шӯрои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ ва роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатии Русия, инчунин сафирон ва дипломатҳои хориҷӣ, доираҳои сиёсӣ ва ходимони илму фарҳанги давлати иқомат, хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи маҳалӣ, донишҷӯёни тоҷик ва ҳамватанони муқими Русия ҳузур доштанд.
Ҳамзамон ба сифати меҳмони расмӣ муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко ширкат варзид.
Чорабиниро барномаи фарҳанги, ки таҷассумгари таърихи бостонӣ, фарҳанги ғанӣ ва бозгуй аз анъанаҳои деринаи халқи тоҷик буд, пуршукуҳ гардонид.
Зимни чорабинӣ дар саҳни толори меҳмонхона намоишгоҳи молу маҳсулоти саноати, меваҳои тару тоза, хушкмеваҳо, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанӣ, чакандӯзӣ, либосҳои миллӣ Тоҷикистон ташкил гардида, инчунин маводҳои иттилоотии сайёҳии кишвар, мусаввараҳои рассомони тоҷик ва дигар ашъёҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ҳамчунин, ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар биноҳои баладошёнаи шаҳри Москва ва фурудгоҳҳои он ба тарзи видеоролик парчами Тоҷикистон парафшон гардид.