Акси Раҳмону Дуои модар дар осмони торики Хуҷанд: Таҷлили Рӯзи истиқлол дар Суғд

Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 33 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шоми гузашта бо оташбозии бошукӯҳи идона анҷом ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 сент — Sputnik. Шоми 9 сентябр дар Майдони марказии варзишии шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар барномаи консертии бошукуҳ баргузор гардид.
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар тантанаи идона ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон иштирок кард.
Шумораи зиёди сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ низ дар варзишгоҳ ҷамъ омада, ба онҳо барномаи рангини консертӣ тақдим карда шуд.
Дар оғоз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 33-солагии Истиқлоли мамлакат кулли мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони вилояти бостонии Суғдро самимона табрик гуфт.
1 / 5
Торжества в честь 33-й годовщины Государственной Независимости Республики Таджикистан в городе Худжанд
2 / 5
Торжества в честь 33-й годовщины Государственной Независимости Республики Таджикистан в городе Худжанд
3 / 5
Торжества в честь 33-й годовщины Государственной Независимости Республики Таджикистан в городе Худжанд
4 / 5
Торжества в честь 33-й годовщины Государственной Независимости Республики Таджикистан в городе Худжанд
5 / 5
Торжества в честь 33-й годовщины Государственной Независимости Республики Таджикистан в городе Худжанд
Зимни суханронӣ раҳбари кишвар аз роҳи пуршебу фарози тайкардаи мардуми кишвар давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, таъкид дошт, ки "Тоҷикистон ба шарофати истиқлол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёри демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф гардид ва ба узвияти кулли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд".
"Истиқлол барои мо иззату шарафи инсонӣ, нангу номуси миллӣ ва гузашта аз ин, бузургтарин дастовард ва муқаддастарин неъмат мебошад", - гуфт Раҳмон.
Раҳмон: Сатҳи камбизоатиро аз 83% ба 21% расондем
Баъди суханронии Эмомалӣ Раҳмон тантанаи идонаро ба муносибати солгарди 33-юми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барномаи бошукуҳ ва рангини консертӣ идома дод.
Устодони санъат ва ҳунармандон бо таҳияи чорабинии фарҳангӣ дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва музаффариятҳои мардумро зебову дилрабо таҷассум намуданд.
Пас аз намоишҳо дар Хуҷанд, ба осмони торики шаҳр садҳо паҳподҳо ё дронҳо парвоз намуда нақшҳои гуногун аз ҷумла акси Эмомалӣ Раҳмон ва дуои модарро дар фазо нишон доданд. Сипас оташбозии идона сурат гирифт, "намоиши осмонӣ" -и зебо чанд дақиқа идома кард.