Таҷлили ҷашни истиқлоли давлатӣ дар майдони 800-солагии Маскави Душанбе - видео

Ҳамасола дар Тоҷикистон ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ, конфронсҳои сатҳи баланд ва машварату ҳамоишҳои оммавӣ таҷлил мешавад
Sputnik
Дар назди бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ин маҳфили фарҳангӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ташкил карда шудааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар Майдони Шаршараи шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки чандже пеш мақомоти шаҳри Душанбе хабар дода буд, ки бахшида ба таҷлили 33-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе барномаҳои бошукуҳи фарҳангӣ баргузор мегарданд.
Раҳмон ба омодагӣ ба паёмадҳои "ҷанги нави сард", хушксолӣ ва пандемия даъват кард
Аз ҷумла, дар Боғи Абулқосим Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ ва дар Боғи Умари Хайёми ноҳияи Сино барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ доир мешаванд.
Ҳамзамон дар майдони назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барномаи идонаи бошукуҳ баргузор гардид.
Инчунин бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамарӯза ҳамоиш, суҳбат ва машваратҳо доир мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ, конфронсҳои сатҳи баланд ва машварату ҳамоишҳои оммавӣ таҷлил мешавад.